Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Чилаева Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳбус меёбад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.

Баъди ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат бо коррупсияро муқарар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан баҳри мубориза бар зидди коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ аз моҳи январи соли 2007  мақоми махсус гардондашудаи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст.

Ташкил ёфтани ин мақомот гардиши куллӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсияро ба миён оварда, то инҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалиро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Илова бар ин, 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” қабул намуда, иҷроиши талаботи Стратегияи мазкурро сарбаландона ба анҷом расонид.

Ҳамчунин, дар соли 2013 боз як санади дигари хеле зарурӣ ва саривақтӣ, яъне “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид, ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад. Ногуфта намонад, ки дар  Стратегияи мазкур ба таври мушаххас ва мукаммал тамоми ҷабҳаҳои мубориза бо коррупсия ва шеваҳои навини пешгирии амалҳои коррупсионӣ дарҷ гардидааст.

Ҳамзамон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст.

Дар банди 175-и Стратегияи мазкур дарҷ гардидааст, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки коррупсия ба зуҳуроти фаромиллӣ мубаддал гашта, ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо таъсири манфӣ, мерасонад ва дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия муҳим аст, ки ҳамкориҳои зичи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *