Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияҳои давлатӣ барои паст намудани шиддати коррупсия заминагузор мебошанд.- Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда, барои расидан ба ин мақсади худ, имконотҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дода истодааст. Аммо падидаҳои номатлубе,ки дар ҷомеа вомехуранд, ки боиси садди роҳи  амалишавии он мегарданд.

Қобили қайд мебошад,ки ба шумори ин қабил падидаҳои манфӣ  коррупсия мебошад,зеро коррупсия зуҳуроти номатлубу манфур ва яке аз ҷиноятҳои хафнок буда, барои амнияти давлат, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд.

Моддаи якуми Ќонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди корррупсия» мафњуми коррупсияро муайян кардааст: «Коррупсия-ин кирдори (њаракат ё бењаракатии) шахсони ба иљрои вазифањои давлатӣ ваколатдор ё ба онњо баробар кардашудае мебошад, ки маќоми худ ё имкониятњои онро бо маќсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматњои моддї ва ѓайри моддї, бартарият ва имтиёзњои дигари бо ќонунњо пешбинишуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятњо бо маќсади моилкунӣ ва (ё) ќадркунии онњо барои иљрои ин ё он кирдор (њаракат ё бењаракати) ба манфиати шахсони воќеию њуќуќӣ истифода мебаранд».

Оќибати ба љамъият хавфнокии кирдорњои коррупсионї дар он зоњир мегардад, ки ин зуњуроти манфии љомеа аз тарафи омма, на њамчун љиноят ё њуќуќвайронкунї, балки чун ќоидаи рафтори ќонунї ё меъёри нонавиштаи рафтори иљтимої ќабул мегардад. Њангоми содир намудани онњо ањли љомеа ба он диќќати асосӣ намедињанд ва он ба як њуќуќвайронкунии латентї (руйпушшуда) табдил меёбад, ки ин боиси реша давонидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа мегардад.

Љумњурии Тољикистон барои њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиати љамъият, таъмини аминяти миллї ва фаъолияти муътадили маќомоти њокимияти давлатї, асосњои ташкилию њуќуќии пешгирї, ошкоркунї, кушодан ва барњам додани оќибатњои њуќуќвайронкунињои бо коррупсия алоќаманд, чорањои махсус меандешад.

Бо ин маќсад ва ҷиҳати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд.

Гузашта аз ин, бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия сараввал бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, № 34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва сипас бо мақсади идома додани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати решакан кардани омилҳои коррупсионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  Стратегияи навбатӣ барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардид.

Бо назардошти тақозои замон, ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар самти мубориза бар омили номатлуб,яъне коррупсия, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти № 222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Стратегияи нав барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Стратегияҳои қабулшуда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.

Аз таҳлилҳо бармеоянд,ки дар давраи амалисозӣ Стратегияҳо барои паст намудани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Қайд кардан ба маврид мебошад,ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат

ба коррупсия рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии  Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона  шудааст.

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам мебошанд,ки мо бояд аз истифода намуда бар зидди ин омили номатлуб мубориза намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *