Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

23 Феврал – Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Артиши миллӣ мактаби умумимиллӣ мебошад, ки аз сафҳои он қисми солимтарини миллат, ҷавонони бо нангу номуси мо сарбаландона мегузаранд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, руҳан солиму ба Ватан содиқ, бунёдгарони фаъоли давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ шуда метавонад.

(Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи беш аз се даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳ аст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён – аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо саҳифаи хеле муҳими таърихӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат боз гардид. Зарурати ташкили он ба тағйиротҳои ба амал омадаи сиёсӣ вобастагӣ дошт. Барои ин Артиши обутобёфта ва бо интизом зарур аст.
Дар айни замон Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар муҳорибаҳои зидди душманони давлат, хоинони миллати точик ва қувваҳои иғвогаронаи беруна, ҳамин гуна дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша таҷрибаи нодир ва арзишмандро ба даст овард.

Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ тамоми мардуми шарафманди ба ору нанги тоҷикро ба Ифтихори 31-умин солгарди Артиши Милли шодбошу муборакод гуфта, баҳрашон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоиштаро тамано дорам. Иди Артиши Милли муборак!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *