Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия дар рушди истиқлолият!

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

6 ноябри соли 1994 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, дар ин рӯз нахустин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва мардуми Тоҷикистон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: “Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари аз муирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад”.

Таърих гувоҳаст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9 сентябрисоли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро пасисар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озодупешрафтаи шаҳрвандӣ бамиён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълумнабуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бино бар ин, комиссия таъсисёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2 685 724 овоздиҳанда бақайд гирифташуда, 2 535 437 нафар, яъне 94,4% дар райъпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2 352 554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз инҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Хотирнишон боядсохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он басифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва як порчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Ҳаминтавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Инсанади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байнбурдани хатаре, ки баистиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшида нимиллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устуворгардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро батанзим медароранд, ба миён омад. Бо инмақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз яктараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзимдароварданд. Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семаротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳлибашар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯстдоштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.

Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмуда шуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

 

Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Файзов.Ф.Ф.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *