Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Рушди қонунгузорӣ дар даврони Истиқлолият

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи  ҳар фард ва олитарин дараҷаи  бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт  сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бештар нигаронида шуда буданд (ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Чунин ҳолат замина ва сабабҳои муайяни таърихӣ дошт, ки яке аз онҳо но­оромӣ дар кишвар буд. Айни замон қонунҳо бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Он нахустин Конститутсияи кишвар дар даврони соҳибихтиёрӣ аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳрвандон тавонистанд, ки се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид созанд ва чандин маротиба дар интихоботи Президенти мамлакат ва вакилон иштирок карда, Роҳбари давлат ва вакилонро дар асоси принсипҳои интихоботии умумӣ, баробар, мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб намоянд. Яъне, Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки дар тафаккури мардум фарҳанги ҳуқуқи интихоботӣ ташаккул ёбад.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ истилоҳи қонуни миллӣ ба вуҷуд омад, ки ифодагари анъана ва табиати миллати тоҷик аст. Аз ҷумла, дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва мансуб ба миллати тоҷиканд. Имрӯз таҷрибаи қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё истифода бурда истодаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси консепсия, стратегия ва барномаҳо ба роҳ монда мешавад. То кунун даҳҳо санад қабул шудааст, ки аз миёни онҳо «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»-ро махсус қайд намудан зарур аст. Он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми феврали соли 2018 таҳти №1005 қабул гардид.

Даврони истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд.

Тазаккур бояд дод, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушд ва такмили ҳокимияти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бе восита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, нақши бузург бозиданд.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди низоми қонунгузорӣ низ мусоидат намуд. Дар ин муддат зиёда аз 360 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

 

                                                    Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *