Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Қонуне, ки пеши роҳи исроф ва хурофотро гирифт.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шавқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд. Вале чи тавре, ки нишондодҳо ва зиндагии имрӯзаи мо собит намуд, як зумра шаҳрвандон аз суннатҳои мардумиву миллӣ сӯистифода намуда, онҳоро чун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода менамоянд. Исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ман-манӣ боиси пастравии сатҳи маънавиёту зиндагии қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷамъият ва давлат ба суи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардад. Бинобар ин, дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо яке аз проблемаи муҳим буда, таваҷуҳ ва таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор мегузорад. Муваффақиятҳои назарраси он аз фаъолияти самараноки давлат ва Ҳукумати љумҳурӣ, хусусан Роњбарияти Олии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош дорад, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад ва ҳамаи нақшаву барномаҳо маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадаф қабул ва роњандози карда мешаванд.

Ба таҳкими шароити зиндагии шаҳрвандон дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Дар воқеъ, анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои зиёд шуда, сабаби аз байн рафтани буҷети оилавӣ ва гирифторӣ ба қарзҳои вазнин мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳар чи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта ва бидъатҳо, қабули қонун аст. Таҳлилҳои гузаронидашуда воқеан зарурати қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро нишон дод. Бинобар ин 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз муҳокимаи тулонӣ миёни шаҳрвандон, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардида бо имзо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз интишори расмї мавриди амал қарор гирифт.

Дар заминаи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расму ойинҳои нолозим тадриҷан аз байн рафта, шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки бештар ба масъалаҳои беҳтар намудани сиҳатию саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диҳанд. Аз рӯзҳои аввали амали Қонуни мазкур натиҷаҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ба даст омад. Қабули Қонуни мазкур дар даврони истиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ буда, натиҷаи заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Акнун баъд аз қабули қонун давлат тавасути мақомоти муқарраргардида, метавонад идоракуниро амалӣ намуда, танзимро дар ин соҳаи муҳими иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон ба роҳ монад.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *