Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешгирии содиршавии амалҳои коррупсионӣ – кафили рушду субботи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. -Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода  М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Яке аз мушкилотњои имрӯзае, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирфтааст, ин амалҳои коррупсионӣ мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар кишвари мо Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногунро андешида истодааст. Махсусан, қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ратификатсия намудани санадҳои байналхалқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия далели ин гуфтањост.

Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Мутаассифона, ҳолатҳои номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе кормандони мақомоти зикршуда, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти давлатиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад. Дар робита ба ин, як нуктаро зикр бояд кард, ки доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи давлат тамоми тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ роҳандозӣ шудаанд…». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии кишвар дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус дода истодаанд.

Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст, яъне дар ин самт қонунҳо ва санадҳои зерқонунии гуногун қабул гардида дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон яқ қатор санадҳои байналмилалиро низ ратификатсия намудааст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ баҳри таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини аминяти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, чораҳои махсус меандешад. Маҳз бо ин мақсад 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин тадбир ба марҳилаи сифатан нави мубориза ба муқобили коррупсия дар ҷомеа ибтидо гузошт.

Содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бештар аз надонистан ва ё умуман аз истифодаи нодурусти талаботҳои пешбининамудаи қонун сар мезанад. Яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке, ки ба муносибатҳои идоракунӣ таҷовуз меорад, кирдорҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Коррупсия яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноки ҷиноятӣ ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, монеаи ҷиддие дар роҳи инкишоф ва рушди минбаъдаи давлат, ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ ва заифгардии сатҳи маънавиёти тамоми аъзоёни ҷомеа мегардад. Коррупсия, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи нашъадор, савдои одамон – инҳо аз унсурҳои асосии ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор рафта, барои давлат ва ҷамъият хавфи калон доранд.

Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Кирдорҳои коррупсиониро мо маҳкум менамоем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ фаъолияти давлат мешуморем».

Коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро оҳиста – оҳиста аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад, ки ин ҳам бошад, ба нофаҳмоиҳои зиёде дар миёни ҷомеа пойдор мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки хатарнокии коррупсия дар он аст, ки оқибати содиршавии он фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, вайрон шуда, обрӯ ва эътибори онҳоро паст мегардонад.

Агар мо саривақт чораҳои таъхирнопазир наандешем, ин кирдори номатлуб реша давонида барои ҷамъияте, ки мақсади давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ва дунявиро барпо карданро дорад, зарари калон мерасонад.

Аз ин ҷо моро зарур аст, ки корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза барем.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *