Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нақши он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд.Сиёсати ошкорбаёнӣ имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.

Дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми с-ҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати руссикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ-КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид.Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид.

Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамаи гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде, баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин «фишори» оммавӣ роҳбарияти коммунистии ҷумҳурӣ мачбур шуд, ки оиди ин масъала чораҳо андешад.22июди соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.

Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” – ро қабул кард. 5 октябр соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, тағйирот даровард ва рӯзи  5 октябр -рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст.

Дар асоси ин қонун барномаи мушахассе барои 10 сол таҳия гардид, ки ба шарофати он курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ аз поён ба боло ташкил шуда, китобу дастурҳои таълимӣ барои омӯхтани забони тоҷикӣ ва барои донистани хатти ниёгон пайдо шуд. Аҷоибаш он аст, ки дар муддати 23 соли фаъолияти ин қонун ба он ягон бор тағйироту иловаҳо дохил нашуданд, ҳарчанд ин қонун дар давраи шӯравӣ таҳия гардидааст.

Ҳар нафаре, ки забони давлатии тоҷикиро эҳтиром намекунад, хусусан тоҷик бошад, бадтар аз манкурт аст. Аскар Ҳаким мегӯяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикиро омӯзем. Лоиқ мегӯяд, ки касе онро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки ин забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Дар дунё солҳои 90-ум, қариб 10 ҳазор забон вуҷуд дошт, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3-3,5 ҳазор забон фаромадааст. Имрӯз соҳиби забони тоҷик бояд хурду калон, ҳар фарди ҷумҳурӣ бошад.

Ҳар шахс бояд ба ин кор масъул бошад, забонро ғанӣ гардонад. Ҳар касе, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, худро эҳтиром намекунад, вай инсони комил нест. Чун мо дар остонаи таҷлили рӯзи Иди Забон истодаем, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо ин иди пуршукуҳи сухан табрик мекунем ва орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *