Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсияи ҶТ ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо,  нақши муҳим дорад. Мақсаду вазифаҳои Ҳукумату давлати Тоҷикистон  дар шароити имрўза, ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократи ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ дар ҶТ давра ба давра барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд. Аз ҷумла бо Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2019 сол, №1242 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2019-2021 идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба Паёми  Президенти ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ» аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар идома дорад. Ҷиҳати таъмини иҷроиши барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, ба як қатор  қонунҳо ва кодексҳо таѓйироту иловаҳо ворид карда  шуда, бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва такмилил қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ, Қонуни ҶТ  «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул карда шуд.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад. Бешак метавон гуфт, ки фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат хубу босамар аст.

Қайд кардан ба маврид мебошад,ки мувофиқи банди 7-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2019-2021, бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ба нақша гирифта шуда, масъули иҷроиши банди мазкур Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузорӣ муқаррар шуда буд.

Қонуни мазкур санаи 25 июни соли 2021,таҳти№ 1783 қабул гардида, он аз 6 боб ва 26 модда иборат мебошад.Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар  намуда,муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.

Дар Қонун як қатор мафҳумҳои асосӣ истифода шудаанд, аз ҷумла: дастрасӣ ба иттилоот – ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур; иттилоот оид ба фаъолияти судҳо – иттилооте, ки аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон омода карда шудаанд, санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои мушаххас ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд; судҳо – Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ки низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд; истифодабарандаи иттилоот – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дархост менамояд, ба даст меорад ва истифода мебарад; санади судӣ – фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарор, ки бо тартиби мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бароварда шудаанд.

Дар моддаи 2 Қонун амали он инъикос гардида мувофиқи талаботи моддаи мазкур амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба  дастрасии истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд.Агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинӣ намояд, муқаррароти Қонуни мазкур бо назардошти талаботи он татбиқ мегарданд.  Қонуни ёдрасшуда иборат аз ҳафт принсипҳо мебошад,ки он аз принсипи қонуният; ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; саҳеҳ будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо; озодона ҷустуҷӯ кардан, дастрас  ва паҳн намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; риоя намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо, сирри тиҷоратӣ, ҳуқуқҳои ташкилотҳо оид ба ҳифзи эътибори кории онҳо; риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳангоми пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;  манъи дахолат ба фаъолияти судҳо ҳангоми дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо.

Мувофиқи талаботи моддаи 6 Қонуни мазкур дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:иштироки шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ; интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма; интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи  судҳо; ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо; ба истифодабаранда додани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд ё шинос намудани истифодабаранда бо онҳо; бо дархости истифодабарандаи иттилоот ба ӯ пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо; бо тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Қайд кардан ҷоиз аст,ки мувофиқи талаботи моддаи 5 қонун як қатор маҳдудиятҳо ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъоляти судҳоро пешбинӣ менамояд, аз ҷумла дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо маҳдуд карда мешавад, агар иттилоот ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мансуб бошад.

Дар моддаҳои 7 ва 8 шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоот пешбинӣ гардида, дар моддаҳои 9 ва 10 тартиби ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо пешбинӣ карда шудааст,ки мувофиқи он  дастрасӣ ба иттилоот бо назардошти талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон амалӣ  карда мешавад. Раиси суд бо мақсади ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо шахси ваколатдорро таъин намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мекунад. Судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сомонаҳоро бо нишон додани суроғаҳои электронӣ, ки тавассути онҳо дархост ирсол кардан мумкин аст, ташкил менамоянд.

Боби 3-и Қонун масъалаи пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро ба танзим дароварда, мувофиқи он тартиб ва тарзу усули пешниҳоди иттилоот, дастрасии он, ҷойгиронии он муқаррар гардида, аз тарафи қонун масъалаҳои мазкур пурра ба танзим дароварда шудааст.

Дар боби 4 бошад масъалаи ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма қайд гардидааст,ки мувофиқи он ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади иттилоотонии воқеӣ ва саҳеҳ  оид ба фаъолияти судҳо дар шаклҳои зерин  амалӣ карда мешавад: дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи судҳо, ки дар онҳо иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ҷойгир карда шудаанд, инчунин ҳузур доштани онҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ; пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз рӯи дархости воситаҳои ахбори омма; инъикоси иттилоотонии фаъолияти судҳо, аз ҷумла масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд; иштироки воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои якҷояи судҳо;шаклҳои дигари ҳамкорие, ки ба қонунгузории ҶТ мухолифат намекунанд.

Инчунин қайд кардан ба маврид мебошад,ки мувофиқи моддаи 21, Қонун намояндаи расмии суд оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаро бевосита муқаррар намудааст,ки он раиси суд ё шахсе мебошад, ки аз ҷониби ӯ ваколатдор карда шудааст. Судҳо бо мақсади ташкили ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма метавонанд дар дастгоҳҳои худ бахши сохтории дахлдор ё ин ки шахси ваколатдорро, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон оид ба амалӣ намудани ҳамкории зикргардида мувофиқан бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо муқаррар карда мешаванд, муайян намоянд.

Баҳсҳо вобаста ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тибқи талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ баррасӣ карда шуда, назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби раиси суд дар доираи салоҳияташ  амалӣ карда мешавад.Тартиби амалӣ намудани назорати дастрасӣ ба иттилоот  бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо   муқаррар карда мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 25 Қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

You May Also Like..

ПАРЧАМИ МИЛЛИИ МО-ТОҶИКОН:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозада С.Т.

Мавриди зикри хос аст, ки Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби “Авасто” зикр гардида, баъдан дар “Шоҳномаи”-и […]

ПАРЧАМ- РАМЗУ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ:-Судяи Суди иқтисодии Шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

МИЛЛАТИ ТОҶИК ФАРҲАНГОФАРУ ДАВЛАТСОЗ БУД ВА ҲАСТ. Миллатҳое, ки имрӯз қутратро  ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ ва […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *