Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Китоб бузургтарин муъҷизае аз муъҷиҳои олам аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Аниси кунҷи танҳои китоб аст,

Фурӯғи субҳи донои китоб аст.

Дарунаш ҳамчун ғунча аз варақ пур,

Ба ҳикмат ҳар варақ з-он як табақ дурр.

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Паёми Пешвои миллат дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ, алалхусус, таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Парламент баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, раҳнамоиҳои дурандешона дар бобати муаммоҳои ҷойдошта ва тадбирҳо дар роҳи ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи китобхонӣ ва тарғиби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш дастур доданд. Ба сохтору идораҳо низ супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд. Талошҳои Пешвои миллат дар ин самт ба он мақсад аст, ки шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон на танҳо кӣ будани аҷдодони худро донанд, ҳамчунин осори гаронарзиши гузаштагон ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Ин амалҳо замоне имконпазир мегардад, ки ҳамаи мардум рӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб оранд. Мусаллам аст, ки назокати сухан, тарзи баёни фикр, тафаккури инфиродии ҳар як шахс ба дониши андӯхтаи ӯ вобастагӣ дорад.

Ганҷинаи асосии дониш китоб аст ва инсоният аз давраҳои қадим тавассути китоб илмҳои гуногунро омӯхта, асарҳои пурарзиш офаридааст. Бузургони сухан дар ҳар давру замон китобро сарчашмаи хушбахтию хушрӯзиҳо қаламдод намудаанд. Касе ба китоб дилбасту ба он меҳру муҳаббат пайдо кард, албатта ба зиндагӣ нигоҳи дигар хоҳад дошт. Яъне, дар дунёи худ олами дигаре орост. Албатта, эҳсосоти аз мутолиаи китоб дарёфтаро ба чанд ҷумла наметавон тавзеҳ дод. Агар касе ба қадри китоб бирасад, пас ба қадри нон, ки муқаддастарин неъмати дунёст, расида бошад. Нобиғагони илму фарҳанг маҳз аз хондани шабонарӯзии китоб ба пояҳои баланди шуҳрату бузургӣ расидаанд. Хирадманде фармудааст: «Китоб бузургтарин муъҷизае аз муъҷизаҳои олам аст, ки инсоният дар роҳи бахту тавоноии худ офаридааст».

                                                                  Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
                                                                  Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
                                                                  Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
                                                                 Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *