Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иҷлосия 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иҷлосияи тақдирсоз мебошад:-Котиби маҷлиси суди Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромўш-нашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз на-муд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебо-шад, рўи кор овард.

Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши кулиеро ба вуҷуд овард.Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ўҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.

Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъоли яти худро аз Ошти миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда,мардумро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид.Воқеан, донаи умед ба таровату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори ҳидоят намуд.

Хуллас, ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокра-тиву дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳфзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дўстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рўзи сахту гарони мардум боис мегардад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *