Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия адолати судиро таҳким бахшид:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни андешаронию мулоҳизаронии хеш, аз ҷумла, чунин ибрози назар намуда буданд: “Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти суди, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайрнимкон аст». Воқеъан ҳам, боиси ифтихору сарбаландист, ки чанд ҳафта кабл мо санаи ниҳоят таърихӣ ва ё рӯзи фархунда: ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо умеду орзуҳои нек таҷлил намудем.

Аз нн лихоз каминаи камтарин қабл аз ҳама гуфтани ҳастам, ки қабули Конститутсия шакли идора, намуду сохти давлат, тартиби тaшкили низоми асосии адолати судиро таҳким бахшид. Марому вазифаи асосни макомоти судии Тоҷикстон низ аз ҳар лиҳоз, татбиқи қонуният. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ба шумор меравад.

Мавриди зикри хос аст, ки маҳз дар cолҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани накш ва мавқеи ҳокимияти суди дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа тадбирҳои назаррас андешида шуд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чаҳор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқи кабул карда шуданд. ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳоӣ қонунии шаҳрвандон. ташикилоту муассисаҳо ва умуман, чиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Дар ҳошияи ин барномаҳои мукаммал ва тақдирсоз конунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистони, «Дар боран судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳаками» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти суди дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд. Барои ҳамаҷониба омода кардани номзадҳо ба мансаби судяги вазифаи коромуз судя ҷорӣ карда шуд. Ба ин максад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 5 апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳоноти барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромуз – судя таъсис дода шуда, хайати комиссия ва низомномаи он тасдиқ гардид.

Мо ба хуби медонем, ки Конститутсия аҳамияту усул, асосу мавқеъ ва ё принсипи асосии фаъолияти мақомоти судӣ: низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати суди ва ваколати судяҳоро муайян менамояд. Мутобиқ ба муқаррароти моддаи 84- уми Конститутсия ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз чониби судяҳо амалӣ мегардад. Бо назардошти ин, хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он таҷассум ёфта, амали гаштани адолати судирo аз номи давлат судяҳо таъмин менамоянд. Аз ин лиҳоз ягон мақомоти дигар ё шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи таъмини адолати судиро надорад. Яъне, татбиқи амалии ин ҳокимият ба уҳдаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст.

Дар маҷмуъ, расман иброз доштаниам, ки маҳз суд аз рӯи тартиботи муқаррарнамудаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбик намуда, муносибатҳои ба вуқуъ омадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқи дода, дар ин хусус карорҳои дахлдори қонунӣ ва acоснок кабул менамояд.

Албатта, имрӯзҳо тамоми сокинони сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Душанбе, хосса, тамоми мардуми шоду хушиқболи тоҷик баҳри таҷлили шоистаи ин санаи таърихӣ – ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд…

Мо низ кормандони мақомоти судҳои иқтисодии кишвар дар катори онҳо қарор дорем ва аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми тоҷикро бо ин чашни фирузу таърихӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрику шодбош мегуем.

Ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамагон хуҷаста бод!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *