Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таҳкимбахши ҳокимияти судӣ ва волоияти қонун:-Муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси фахру нишот ва хушнудист, ки алъон қалби ҳамаи мо мардуми саодатманди тоҷик ва дигар халқу миллатҳои маскуни ҷумҳурии азизамонро фараҳу нишоти беназир ва қиёснашавандае фаро гирифтааст. Зеро таҳти сарварии бевоситаи Фарзонамарди миллат- Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз даргузаштичанд рӯзи дигар ҷашни фархундаю таърихии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати махсус истиқбол хоҳем намуд…Бале, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият, ин қабули конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки арзиши аз ҳама воло-эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи озодиҳои инсон ва шаҳрванд манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро амри муҳими таъхирнопазир гардонад.

Албатта бояд тазаккур диҳем, ки имрӯзҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ мустақилии судҳо дар тадбиқи салоҳият тавассути итоати онҳо танҳо ба конститутсия ва қонунҳо муқаррар гардидааст. Судя вазифадор аст, ҳуқуқ , озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз намояд, ки конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқи эътирофкардаи Тоҷикистон муқарар намудаанд. Татбиқи адолати судӣ бошад, шакли махсуси фаъолияти давлати мебошад, ки ба ҳали ҳама гуна баҳсҳо оид ба вайрон шудан ё эҳтимолияти вайрон шудани тартиботи ҳуқуқи иртиботу алоқаи мустақим дошта, бинобар ба тартиботи бо қонун муқараргардидаи шаклҳои мурофиавӣ бо риоя намудани қоида, тартиб ва принсипҳои истеҳсолоти судӣ ба иҷро расонида мешавад.

Бале, дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишон дода шудааст, ки адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути судҳои дорои мустақилияти судӣ ба амал бароварда мешавад. Аз талаботи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии марбут ба дигар мақомоти давлати ё ҷаъиятӣ адолати судиро ба амал бароварда наметавонад. Ва адолати судӣ танҳо бо роҳи муайянкардаи қонун ба амал бароварда мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд роҳҳои дигари ба амал баровардани он вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Мутобиқи меъёрҳои Конститутсия, адолати судӣ дар асоси баробари шаҳрвандон дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс,эътиқоди динӣ, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил,молу мулк ва ҳолатҳои дигар сурат мегирад. Мавриди зикри хос аст, ки демократикунони ҷомеа,бунёди давлати комилан ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти мустақили судҳо вобастагии зич дорад, зеро ҳокимияти судӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судии мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ин гуфтаҳо нишонаи волоияти қонун дар ҷомеа ва ҳокимияти судиро собит месозад ва адолати судӣ яке аз зуҳуроти ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ буда, оид ба ҳифз намудани ҳуқуқи инсон мавқеи хоса дорад.

Мо- кормандони мақомоти судӣ, хосса, судҳои иқтисодии мамлакат ва кулли мардуми тоҷикро зарур аст, то боз ҳам дар атрофи Сарвари хирадпешаи хеш , Пешвои мӯаззами миллат-Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон мутаҳҳид гашта, ҷашни фархундаю таърихии хеш-Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил намоем.

Ҷашни таърихию миллии Рӯзи Конститутсиям Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *