Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳуҷҷати муҳим ва тақдирсоз:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо, воқеъан ҳам мардуми саодатманду хушиқболем.  Зеро давлати мустақили хеш, Парчаму Суруди Милли, Нишони давлатӣ ва ниҳоят Конститутсия худро доро ҳастем ва аз хар лиҳоз, боиси ифтихору сарбаландист, ки пас аз даргузашти якчанд рӯз мо боз як санаи таърихӣ ва ё рӯзи фархундаи ҷашни Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо умеду орзуҳои нек ҷашн хоҳем гирифт.Азин лиҳоз каминаи камтарин кабл аз ҳама гуфтанӣ ҳастам, ки Қабули  Конститутсия шакли идора, намуду сохти давлатӣ  тартибу ташкили низоми асосии адолати судиро таҳким бахшид.Ва набояд фаромуш сохт, ки марому вазифаи асоси мақомоти судии Тоҷикистон низ тадбиқи қонуният,ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон  ба шумор меравад.

Аслан, Истиқлолият-маҳаки асосии таъмини адолати судӣ дар кишвар мебошад. Ин аст, ки Пешвои мӯаззами миллат барҳак чунин таъкид менамоянд: “Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати ичтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Мавриди зикри хос аст, ки маҳз дар солҳои соҳибистиклоли барои баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти чомеа тадбирҳои назаррас андешида шуд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чаҳор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои барраси ва ҳалли одилонаи парвандаҳои суди, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати суди нақши муҳим доранд. Дар ҳошияи ин барномаҳои мукаммал ва тақдирсоз қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷинояти, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Мо – кормандону масъулини судҳои иқтисодии кишвар низ ба хуби медонем, ки Конститутсия аҳамияту усул ва асосу мавқею принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти судӣ: низоми сохтори судӣ, вазифа, максадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муайян менамояд. Мутобиқ ба муқаррароти моддаи 84 – уми Конститутсия ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амали мегардад. Бо назардошти ин, хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он таҷассум ефта, амали гаштани адолати судиро аз номи давлат судяҳо таъмин менамоянд. Аз ин лиҳоз ягон мақомоти дигаре шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи таъмини адолати судиро надорад. Яьне, татбиқи амалии ин ҳокимият ба уҳдаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст.

Дар маҷмуъ, расман иброз доштаниам, ки маҳз суд аз рӯи тартиботи муқаррарнамудаи қонун талаботи меъерҳои ҳуқуқиро татбик намуда, муносибатҳои ба вуқуъ омадаро барраси ва ба онҳо баҳои ҳуқуқи дода, дар ин хусус қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд.

Бале, имрузҳо мо-кормандони мақомоти судҳои иқтисодии кишвар низ дар катори тамоми сокинони сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Душанбе, хосса, кулли мардуми шоду хушиқболи тоҷик баҳри таҷлили шоистаи ин санаи таърихӣ, яъне, ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамаҷониба омодаги дида истодаем.

Аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми тоҷикро бо ин чашни фирузу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона шодбош мегӯям.

Ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон хуҷаста бод!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *