Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳифзи ҳуқуқу озидиҳои инсон ва шаҳрванд:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси ифтихору шодмонӣ ва фараҳу нишоти умум буд, ки санаи 6-ноябри соли 1994 мардуми кишвари тозаистиқлоли мо-Тоҷикистони азиз, маӣлу иродаю раӣъи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушди такомули давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявиӣ ва иҷтимоӣ муаӣян менамояд,яъне конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раӣъпурси умумихалқи бо итминону боварии махсус, якдилона изҳор доштанд.

Бале, мардуми меҳнатқарину сулхдӯсту заҳматпешаи тоҷик бо сарварии Асосгузори суҳху ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду такомули онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро арзиши оли ҳисобида, ҷомеаи навини демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бо азму талошҳои хастанопазир бунёд намуданд.

Махсусан, дар катори дигар бахшҳо мақомоти судҳои иктисодии кишвар дар давраи сохибистиклолӣ паӣваста такмил ёфта, имрӯз фаъолияти он ба пуррагӣ ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд, инсон ва давлату ҷомеа равона карда шудааст.

Ҳамагон медонем ва дар оғози навиштаи хеш низ иброз доштем, ки тарики раъйпурсии умумихалқӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи муҳиму боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Аҳамияту усул ва асосу мавкеъ ва ё ин ки принсипҳои конститутснонии таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9-и Конститутсия комилан баён карда шуда, алъон се шохаи ба ҳам алокаманди ҳокимияти давлати: ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти суди фаъолият доранд, ки ба инкишофи муътадили демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ мусоидат менамоянд.

Пас аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ халқи тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Санаи 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 24 ноябри соли 1991 нахустин интихоботи умуми-халқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Санаи 21 ноябри соли 1991 Тоҷикистон Узви Иттиҳодияҳои Давлатҳои мустақил ва санаи 2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони Миллали Мутаҳид шомил гардид.

Истиқлолияти давлатӣ ва қабули қонуни асосии кишвар -шароит фароҳам овард, ки имрӯзҳо бунёду барқарорсозии неругоҳҳои барқию оби, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо бо суръат идома дошта, ру овардан ба осори гузаштагон, эҳтиром ба таърихи ниёгон, эътибори миллату давла- тамонро дар арсаи ҷаҳон афзун намуд.

Алъон бо итминони комил изҳор менамоям, ки яке аз дастовардҳои истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон мебошад, ки арзиши аз ҳама воло, яъне, эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, конунияту адолатро амри ниҳоят муҳиму таъ- хирнопазир гардонид.

Акнун ҳадафи давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар заминаи таҳкими Истиқлолияти давлати ва Конститутсияи кишвар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи суботу амнияти он мебошад ва хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеӣ ба даст оварда, дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.

Боварӣ ва итминони комил дорем, ки дар таҷлили бошукуҳи ҷашни миллию таърихии мо – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони мақомоти судҳои иқтисодии мамлакат низ дар пешбурди кулли соҳаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хосса, пойтахти дилорои кишвар-шаҳри Душанбе, саҳми шоистаю арзандаи худро мегузорем.

Ҷашни муқаддаси Рӯзи Конститутсия ба ҳамагон хуҷаста бод!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *