Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчам- яке аз рамзҳои Истиқлоли давлату миллат:-Котиби судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлол, сулҳу субот ва шукуфоии давлату миллат ба шумор меравад.  Худи маънои калимаи “Парчам” аз забони қадимии суғдӣ оварда шуда, маънояш “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пӯпаки абпешимӣ, мӯй ва ё думи ғажговро меномиданд, кионро бар сари дирафш ё найза мебастанд. Мафҳуми мазкур сипас аз забони суғдӣ ба забони туркӣ тарҷума гардид, ки онро чун “дирафш” ном мебурданд.

Давлатҳо ва миллатҳо аз замонҳои пеш ҳамеша чун нишонаи ғамхорӣ ва муҳаббат нисбат ба давлату миллат ҳамеша парчами худро доштанд. Онҳо дар ҷангу набардҳо аз парчам истифода намуда, дар қисмати заминҳои ишғолнамудаашон парчами хешро мегузоштанд.

Тоҷикон низ барои ҷовидонии давлати худ ҳамеша мубориза мебурданд. Таърихи парчами тоҷик низ таърихи куҳани хешро дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо парчамаш дар байни дигар давлатҳо шинохта мешавад. Ин парчам таърихи 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шуда, то имрӯз яке аз нишона ва рамзи ифтихори Тоҷикистони азиз аст.

Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Xумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст. Дар таърихи 12 майи соли 2007 № 254 Rонуни Xумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Xумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Ғайр аз ин Низомнома дар бораи Парчами давлатии Xумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 11 декабри соли 1999, № 892 аз ҷониби парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатии кишварамон Xумҳурии Тоҷикистон, аз матои росткунҷае иборат мебошад, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойдошта тасвир гардидааст. Рахҳои парчам се ранг, яъне рангҳои сурх, сафед ва сабзро дар бар гирифта, рахи болои ранги сурхдошта бо рахи поёни ранги сабздошта баробар буда, рахи сафеди мобайнӣ бошад, якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рахи сафеди дар мобайн ҷойдошта бо зарҳал рамзи тоҷ тасвир гардида, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира ороста шудаанд.

Парчам ин на танҳо яке аз рамзҳои давлатӣ балки ҳамчун муқаддассоти давлатӣ пазируфта мешавад, аз ин лиҳоз ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба ин муқаддассотӣ миллӣ эҳтиромӣ зоҳир намуда, онро мисли ватану миллат дӯст дорад. Ҳурмату эҳтиром нисбати муқаддассости миллии давлатамон-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, Харита ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ҳисобида мешавад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *