Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Рамзи давлату миллат:-Муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода Муродҷон.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчами давлатии кишвар рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарфа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд…

Яъне, Парчам дирафш, ливо ва ё байрақ мафҳуми  ягона буда, дар маҷмӯъ, маънии шинохти давлату миллатро дорад.

Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Ҳамасола дар ибтидои моҳи ноябр дар тамоми ташкилоту муассисаҳои мамлакат ба ифтихори ин иди фархунда, ба хотири изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии кишвар – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои ҷашнӣ баргузор карда мешаванд, ки дар он роҳбарият, сардорони идораҳо ва мутахассисони идораҳои давлатӣ ва афроди расмии мақомоти марбутаи болои ширкат меварзанд.Тавре, ки дар маърӯзаҳои ҳамаи аҳли ҷаласаҳо зикр мегардад Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад…

Ҳамзамон, маърӯзачиён оид ба таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон ва давлатҳои дигари дунё дар назди ҳозирин мулоҳизарони менамояд.

Бале, бори дигар хотирасон менамоям, ки маҳз аз тарфи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки он ба тасввир расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо як шукӯҳу шаҳомоти ба худ хос таҷлил мегардад.  Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асоии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳбус мешаванд …

Воқеъан ҳам, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорбиниҳои расмию ғаёрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, тоҷ  ва ҳафт ситора, ки аз покии қалби ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷасумгари мубориза барои озодӣ  ва истиқлол бахту иқбооли сафед,, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хурамии кишвар ифода ёфтаанд.

Дар мусобиқаи варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байнамилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд. Дили мо  аз фараҳ пур мешавад, вақте ки варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Варзишгарон, ҳунармондон, шоирон, олимону эҷодкорон рӯҳи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди меҳнатии онҳо мавриди қадршиносӣ зери Пачам миллат сурат мегирад.  Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоридани  мукофотҳо ва унвонҳои давлатӣ зери Парчами миллӣ анҷом мепазирад.

Бигузор Парчамии миллии давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти оосоиштаю сулҳу субот, баҳри зиндагии арзанда ва пешрафта, баҳри озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамо бошад!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *