Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мубориза бар зидди коррупсия амали ҳамешагист.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Яке аз зуҳуроти хавфноку номатлуби ҷомеаи имрӯза коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад, ки дар қонунгузории миллии мо ва байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф шудааст. Коррупсия бевосита ба амнияти миллӣ таҳдид намуда, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлат халал мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ-Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро бар зидди коррупсия 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам  гузошт. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шуда буд: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».

Аз ин рӯ, мутобиқи дастуру вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   солҳои 2013-2020”   тасдиқ гардид. Ҳамзамон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар маҳалҳо баҳри муҷовимат бо коррупсия ва тарғибу ташвиқу сиёсати зиддикоррупсионӣ бояд чоравҳои дахлдор  андешанд. Мавқеи шаҳрвандии сокинон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб торафт оштинопазир мегардад. Воқеан ҳам мубориза алайҳи амали номатлуб оштинопазириро талаб менамояд.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *