Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Муқовимат бо экстремизм ва терроризм.-Нозири референти суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шехов С.А.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш паӣдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.  Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористи аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни наклиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки  ҷавонони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Зеро қабули Қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯхи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогохди ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *