Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти назаррас ба моддаи 14 Конун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидааст. Дар он дар асоси шартнома расониданн хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вакти баргузории тӯю маъракаҳо масъул гардидаанд. Яъне, аз чониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот таклифҳои зиёд оид ба вакти баргузории тӯю маросим ворид гардиданд.

Бо назардошти ни таклифҳо ба моддаи 14 Конун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 – 00 то соати 22 – 00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 – 00 то соати 22 – 00, дар шахраку деҳот (аз чумла шахраку деҳоти тобеи шахр) дар рӯзхои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 – 00 то соати 22 – 00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 – 00 то соати 22 -00 ва дар рӯзҳои корй аз соати 18 – 00 то соати 22 – 00 гузаронида шаванд. Давомнокии тую маросим то се соат муқаррар карда шуд. Ҳамзамон бо ин ба Қонун меъёрҳои нав дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он пешниҳод гардида, онҳо вазифадор карда шуданд, ки мақоми ваколатдорро дойр ба баргузории тӯи домодию арусй ва маросими азодорй хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд. Ҳамзамон шахсони воқей ва ҳуқуқӣ ухдадор карда шуданд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллй, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллй эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсири манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Тибқи тахлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатй, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд. Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатй, хизматчиёни давлатй, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилй, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Ҳамчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пениҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шу- данд.

Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250- 270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонй баланд бардошта шудааст. Нисбат ба шахсони ҳуқуқй низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонй баланд бардошта шудааст. Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродй, ходимон ва уламои дин бошад, нисбат ба онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонй ҷарима таъйин карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки иҷрои талаботи Қонун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Аз рӯи мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо мебинем, ки пеш аз ҳама худшиносию худогоҳии худи масъулон, мутасаддиён, баъзе аз роҳбарон дар сатҳи то ҷойе номувофиқи маданию ахлоқй қарор дорад. То он замоне, ки мафкураи ба ном чунин масъулин дигар нашавад, онҳо худро ба шароити дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқ насозанд, мо наметавонем, ки ба пеш, қадами устувор бигузорем. Ва ана ҳамин бемасъулиятии бархе масъулон чомеаро бо умқи ноумедӣ ва нокомй мекашад. Дасту дили зертобеъон, муроҷиаткунандагон аз чунин рафтору гуфтор, муомилаҳо сард мегардад. Дар натиҷа майдони бемайлони таассубкорй, ифротгароӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод cap мезанад. Итминону боварӣ дорам, ки дар ин ҷода – амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни мазкур дар оянда низ ба дастовардҳои муносибу шоиста мушарраф хоҳем гашт.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *