Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар таълиму тарбияи фарзанд таъхир набояд.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тайи даҳсолаҳои охир бо пешрафт ва инкишофи босуръати илму техника ва технологияи муосир шароит фароҳам омад, ки аз навтарин дастовардҳои илмӣ ва ахбори ҷаҳон огаҳ гардида, оид ба ҳаводиси ҳама манотиқи гуногуни олам маводи заруриро дастрас ва мавриди истифода қарор диҳем. Ин раванд дар ҷаҳони муосир ба одати ҳамешагии ҳар як фард ва хусусан насли наврас табдил ёфта истодааст, ки аз рукнҳои асосии ҷаҳонишавӣ буда, пешгирии он ғайриимкон аст. Дар ин самт иттилоъ ва маводе низ дастрас мешаванд, ки ба арзишҳои милливу фарҳангии мо бегона буда, заминаи паст шудани ахлоқу одоб ва маънавиёти насли ҷавон гардида, сабабгори амалҳои зӯроварӣ, фисқу фасод, ҷиноёти гуногун ва коста гардидани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ гаштаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин омилҳо масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намудаст. Дар вохӯриву мулоқотҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки дар қатори масъулияти давлат, волидон низ бояд ҳамеша дар фикри таълиму тарбияи фарзандони худ бошанд. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба дӯши падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд. Онҳо дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд.

Аз ин рӯ, мавқеъ пайдо кардани оила дар ҷомеа, муносибати хуб ва хайрхоҳона доштани аҳли оила бо хешу пайвандон ва ҳамсоягон, аз тарафи фарзандон эҳтиром ва қадр кардани падару модар аз масъалаҳоеанд, ки ба фарҳанги оиладорӣ дахл дорад. Метавон гуфт, ки падару модар сутуни хонадон маҳсуб ёфта, бояд дар таълиму тарбияи фарзандон диққати доимӣ зоҳир намуда, масъулияти бештаре дошта бошанд. Боиси таассуф аст, ки то ҳол на ҳама волидайн ин масъулияти мутобиқи қонун ба уҳдагирифтаи худро ҷиддӣ эҳсос менамоянд. Дар ҳамин радиф, гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки  фарзанд меваи умри  одамизод аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад.

Ёдовар шуда  буданд, ки  таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳанд, ки  солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд ва ин боиси он мегардад, ки онҳо бе назорат монда, субҳу шом дар кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ вақти худро гузаронида, ҳатто ба мактаб намераванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

You May Also Like..

Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолии давлат аст.- Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии […]

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли ва сарнавишти Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст. Иҷлосияи […]

Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устуворгардонии истиқлолияти давлатӣ ва ташаккулёбии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии он оѓози устувор […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *