Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони мурофиа –таъмини адолати судӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд. Метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамониате дар роҳи инкишофи забони давлатӣ вуҷуд надорад.

Забони модарӣ барои дилхоҳ давлату миллат яке аз рукнҳои асосии пояи давлатдорӣ маҳсуб меёбад ва аз аҳди бостон то ба имрӯз оид ба мақом ва нақши он дар ҷомеа, танҳо аз ҷониби фарзандони содиқ ва сарсупурдаи миллат корҳои шоёне анҷом дода мешавад. Миллати тоҷик яке аз миллатҳое мебошад, ки дар саргаҳи таммадуни ҷаҳонӣ қарор дорад ва бо дастовардҳои таърихии бемисли худ ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари фарҳангӣ ва тамаддунофар шинохта шудааст. Дар воқеъ забони тоҷикӣ яке аз беназиртарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати кӯҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад, ки он мисли оина аз фарҳангу тамаддун, таърих ва оину суннатҳои миллӣ ҷило медиҳад. Забони тоҷикӣ бо таърихи миллати тоҷик бо ҳам таваъм мебошанд, зеро мавҷудияти миллатро бидуни забони миллиаш тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ҳар яке аз давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ дорои суннатҳои хаттӣ буда, меъёрҳои адабии забон дар асоси онҳо шакл гирифтаанд. Аз  ин рӯ, ташаккули ҳар як давраи таърихӣ бар асоси осори хаттӣ мутобиқи меъёрҳои ин давраҳо мушаххас карда мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, ки ин бори дигар аз эҳтироми миллати тоҷик нисбат ба забони модарӣ ва насли гузаштаи худ дарак медиҳад. Аз ҷумла дар моддаи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст,ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва истифода намудани меъёрҳои он ба фаъолияти суд, аз ҷумла фаъолияти судҳои иқтисодӣ ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ ногусастанӣ мебошад.

Мувофиқи моддаи 5 Қонуни ёдрасшуда Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Тибқи талаботи моддаи 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.

Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *