Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои эктремизми боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро пайдо мекунанд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Амалиётҳои террористӣ бо истифода аз техникаи навтарин, силоҳ ва воситаҳои алоқаи замони муосир сол ба сол муташаккилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гуруҳҳои гуногуни сиёсӣ ва миллатгаро барои расидан ба мақсадҳои худ методи террорро касб намуда, барои худ муассисаҳои зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи тарканда ташкил намудаанд.

Ба маврид аст, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кўшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизимро қабул мекунанд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри соли 2003, таҳти №69:

экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.2

Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб намудан ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эктремизм, инчунин, даъват барои мунтазам поймол ва вайрон кардани ҳуқуқи озодиҳои инсон, истисмори одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод дохил мешаванд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сўиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмиллалии таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмиллалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад4.

Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар ба тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо дар тамос буда, ҳамкорӣ мекунанд.

Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ҳимоя кардан лозим нест. Масалан, террористони покистонӣ, толибон, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро онҳо ҳамчун гурўҳҳои озодихоҳ, ки барои Ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё худ амалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин раванд мансуб мебошанд. Ин албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб меравад, лекин бо ин роҳ одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодии калон расонида мешавад. Барои ҳамин, терроризм аз тарафи тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ маҳкум карда мешаванд.

Фарқияти терроризм ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан, барои амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳаё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.

Аммо, дар ҳарду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмиллалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.

Дар асоси санадҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалиро ба роҳ монад, оид ба сари вақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва эктремизм чораҳои фаврӣ-ҷўстуҷўӣ, таҳқиқӣ, тафтишотӣ гузаронад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷҷалаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *