Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Об манбаи ҳаёт.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд.

Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар тазаккур дода буданд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳад. Яке аз аҳдофи ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об шинохта шудааст.

Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, омода намудани хӯрок, шустушӯи манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Хулоса, кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *