Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Муқовимат бо терроризм ва ифротгарои дар ҷаҳони муосир.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалй ва минтақавй ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгарой ба хатари бесобиқаи ҷаҳонй табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсй ва маънавиро ба бор меорад.

Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалй табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистй ва террористй дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалй, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷй мусоидат менамояд.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавй Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалй намуда истодааст.

Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгарой барои давраи солҳои 2016-2020» ба тавсиб расид, ки алҳол тамоми идораю вазоратҳо новобаста аз шакли тобеъият аз болои ин ҳуҷҷати муҳим Нақша- чорабиниҳои худро таҳия намудаанд.

Дар ин миён саволе пайдо мешавад, ки терроризм ва ифротгароӣ чиро мегуянд ва террористу ифротгаро кистанд?

Дар моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй гардидааст: – «Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсй, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятй, тарсондани аҳолй ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» бошад, «Ифротгароиро

ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқй ва воқей дар шакли амалҳои номатлуб инъикос ёфтае маънидод мекунанд, ки ба бенизомй тағйири сохти конститутсионй дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низоъи нажодй, миллй иҷтимой ва динӣ даъват мекунад».

Барои мубориза бар зидди ифротгарой дар баробари меъёри ҳуқуқии дар Конститутсия омада инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгарой ва ифротгароён ҳимоя иамоянд.

Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалй, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгарой» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионй, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олй, муҳтарам Эмомалй Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонй борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!».

Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худй” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Қисми зиёди сокинони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ба хусус босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Чунки посдорандаи миллату давлат ҳамин ҷавонон мебошанд.

Воқеан, давлати азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон дар сафи пеши мубориза бо ин падидаҳои номатлуб қарор дорад ва ин масъулияти ҳар яки моро боз дучанд мегардонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *