Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд, ки имрӯз аз оғози фаъолияти Агентӣ 15 сол сипарӣ мегардад.

Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.

Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амали намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷори намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амали карда мешавад.

Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *