Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият – саодати миллат аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Ҳамасола шаҳрвандони сарбаланди кишвари мо ҷашни истиқлолияти миллию давлатии худро бо шодиву сурур ва дастовардҳои назаррас ҷашн мегиранд. Истиқлолият барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории милии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои ҳазорсолаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии орому осоиштаву озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Миллати тоҷик дар шикасту рехти таърих дар давраи навин соҳиби Истиқлолият гардид, ки яке аз арзишҳои олии умумиинсонӣ ва орзӯи ҳазорон наслҳои гузаштаи мо буд. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик чандин абармардҳои бузургро дар роҳи ба даст овардани истиқлолият аз даст додааст. Қаҳрамонони халқи тоҷик ба монанди Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалик ва садҳо нафари дигар дар ҳар давр кӯшиши аз зери зулми низоми аҷнабӣ баромаданро намуда буданд.

Истиқлолияте, ки мо имрӯз соҳиб гаштаем ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаи муборизаи чандинасра ва ҷоннисориҳои ҳазорон намояндаи ин халқи шарафманду озодихоҳ аст. Халқҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст оварани истиқлолияти миллӣ чӣ гуна ҷоннисориҳо кардаанд, вале то ҳол ҳамчун қавмҳои пароканда бо орзӯи соҳибистиқлол гардиданашон дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ доранд.

Даврони худшиносӣ ва пешрафти ҳамаи халқҳои ҷаҳон аксаран дар даврони соҳибистиқлолии сиёсии онҳо сурат мегирад. Маҳз соҳибихтиёр будан имконият медиҳад, ки захираҳои ақлию зеҳнӣ барои манфиати ҳамин халқ самарабахш истифода гарданд. Агар миллат истиқлолияти сиёсӣ надошта бошад, зери нуфузи дигар давлатҳо қарор гирифта, сармояи инсониаш ба манфиати аҷнабиён истифода хоҳад гашт. Маълум аст, ки замони давлатдории Сомониён даврони гулгулшукуфии ҳаёти фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии халқи тоҷик буд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои фарҳангиву адабии замони Сомониён маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии сиёсии ин миллат имконпазир гардид.Бешубҳа, истиқлолияти сиёсӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ замина ва шароити мусоид фароҳам меоварад. Маҳз, дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбанд.

Мардуми тоҷик махсусан ҷавонони тоҷик, ки баъзан ба қадри ин неъмати бебаҳо нарасида, аз рӯи камсаводию бехирадӣ ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро шомил мегарданду андеша намекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ба ивази чӣ қадар ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҷавонони саодатманд бояд бидонанд, ки истиқлолият ин яке аз арзишҳои волотарини ҳар як халқ ба ҳисоб меравад. Тухми он ниҳоле, ки абармардони тоҷик барои насли оянда кошта буданд, акнун ба бор омадаасту маҳсули онро насли имрӯза чашида истодааст. Инак, дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукмрон аст. Мо шукри ин неъмати бебаҳоро карда бояд аз сидқи дил хонем, ҳунар омӯзем ва дар пешрафту тараққии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем. Мо миллати сарбаланди тоҷик сарнавишти худро бояд худамон муайян намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *