Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нишонаи озодӣ ва Истиқлолият.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӣ мебошад. Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти № 892 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда, дар он нишонаҳои Парчам тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтааанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубриза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд. Ҳар як нафар шаҳрванди ватандуст маҳз бо муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор менамояд.

Зеро ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ сар мезананд. Аз ин рӯ эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол , аз ҷумла вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандусту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *