Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Дахсолаи байналмилалии амал “об барои рушди устувор”.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Каримов С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Чи хеле ба ҳамагон маълум аст эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бори аввал аз ҷониби Асосгузори свлҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея, санаи 21 декабри соли 2016 ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири МУ СММ баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд:

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2010;

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об,  моҳи августи соли 2013;

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2015.

Қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.

Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:

-такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;

-бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;

-тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии “СММ-Об” ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешад. Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, ба назар гирифта шаванд.

Айни ҳол Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” то соли 2028 идома дорад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *