Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурии тоҷикистон .-Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар ҷаҳони имруза яке аз монеаҳои асосӣ дар рохи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Муковимат ба коррупсия кисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон махсуб ёфта, таҳияи ва татбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми макомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани холатхои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатхои номатлуби кирдорхои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар-бар мегирад.

Тахлилҳо нишон медиханд, ки вазъияти оромии сиёсӣ, боздоштани шаклхои ба чамъият хавфноки чинояткорӣ ва боварии мардум ба ислохоти хукуматӣ аз муносибати содиқонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторхои қудратӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Мунтазам гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ-амалии масоили муҳими мубориза бо коррупсия барои таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба кушодан ва тафтишоти ҷиноятхои коррупсионӣ баҳри осон гардонидани кори душвори кормандони макомоти хифзи ҳуқуқ ва судяхо ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ин ҷараён ташкили таҷрибаомузии кормандони зикршуда дар макомоти зиддикорупсионии дорои таҷрибаи пешкадам дар кишвархое. ки барномахои зиддикоррупсиони бомувафакқият амалӣ шуданд, баробари омили муҳими ҳавасмандгардонӣ будан ва тариқи муқоисавӣ ба сифати баланд бардоштани муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ барои азхуднамоии амалии истилоҳоти касбии забонхои хориҷӣ ва истифодаи техникаи компотерӣ ва технологияхои дигари замонавӣ ба таври чидди мусоидат менамояд. Аз ин ру ин самт самти асосии фаъолияти марказҳои такмили ихтисоси кормандон буда, барои манфиатовар намудани фаъолияти босамари онҳоро замина мегардад.

Рохбарияти сиёсии Точикистон хуб дарк кардаанд, ки коррупсия пеш аз хама эътибори давлату ҳокимиятро дар назди ҷомеа кохиш дода, боиси зарари зиёди иктисоди ва пастшавии нуфузи давлат дар арсаи байналмиллали мегардад ва бо ҳамин рох; ба амнияти давлату суботи ҷамъияти таҳдиди ҷиддиро ба миён меоварад. Сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама бо он асос меёбад, ки чораҳои зиддикоррупсиони дар шакли механизми махсус таҳиягардидаи махдудиятҳо ба фаъолияти ҳамарузаи мақомоти давлатӣ ҳамгирои карда шуда, аз тарафи онхо мунтазам анҷом дода мешавад. Дастгирии ҷамъияти яке аз унсурҳои асосии мубориза бо коррупсия мебошад. Барои ҳамин Стратегияи чорабиниҳои ҷалби ёрии ҷамъиятиро чун қисми таркибии хама гуна чорабиниҳои зиддикоррупсиони дарбар мегирад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои кониститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ; зарба мезанад.

Пешгири ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтхои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуҳуқии давлат боқи мемонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *