Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Экстремизм ва терроризм.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад.

«Ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад.

Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синну солии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад».

Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва терроризм қарор дошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк кардаанд, ки танҳо давлату давлатдории пойдори миллӣ, беҳтар шудани зиндагии мардум, раванди бебозгашти ободонию созандагӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ ояндаи дурахшони моро муайян карда метавонанд.

Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо роҳи дигаре ба ҷуз дарёфти ҳалли дурусту оқилонаи ин масъалаи ташвишовар  надорем. Ҷавонони хушбахти Ватан бояд донанд, ки натиҷаи кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ танҳо   пушаймонию саргардонӣ аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *