Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Конститутсия – заминаи асосии ташаккули ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Таърих гувоҳ аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон бархўрди манфиатҳои гуруҳҳои мухталифи ҷомеаи мамлакат ба вуҷуд омада, давлатро як буҳрони сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифт. Бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърихи Тоҷикистон саҳифаи навини худро боз кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкил масъулияти бузургро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Бо қабули Конститутсия дар соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти соли 1991 бадастовардаи худро таҳким бахшид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.

Меъёрҳои Конститутсия эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро тақозо менамоянд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия эътироф шудаанд, фаъолияти тамоми ҳокимияти давлатиро ташкил мекунанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бо мақсади мутобиқ кардани меъёрҳои конститутсионӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро як шохаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон меъёрҳои нав вобаста ба ҳокимияти судӣ муқаррар шудаанд, ки аз меъёрҳои конститутсияҳои пешин куллан фарқкунанда мебошанд. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи низоми нави ҳокимияти судӣ мебошад. Бо назардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсия бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар карда шуд. Дар иртибот ба ин дар Конститутсия боби алоҳида ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ бахшида шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ дар низоми судии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гашта истодаанд. Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар сохтори судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуда, қонунҳои соҳавӣ, кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оила, меҳнат ва ғайра қабул гардиданд.

Воқеияти равшан аст, ки халқи Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ кардани меъёрҳои конститутсионӣ ба ҳаёти мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ меъёрҳои конститутсиониро 3 маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 такмил доданд. Конститутсия санадест, ки ҳаёти мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия мешавад ва наметавонад берун аз муҳити мавҷуда амал намояд. Аз ин рӯ, он санадест, ки метавонад тағйиру такмил дода шавад ва ба воқеият ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол арзиши меъёрии ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.

Ҳар як тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда барои инкишофи ҳокимияти судӣ ва идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нақши назаррас доранд. Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи дар соли 1999 воридшуда, ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Амалӣ шудани ин меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судҳо бо роҳи аз тобеияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз Вазорати адлия баровардани ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судиву ҳуқуқӣ, интихобу пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, озод намудани судяҳо аз вазифа, ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра таъсиси сохтори алоҳидаро талаб менамуд. Таъсиси Шӯрои адлия пешомади замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ буд.

22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин тағйиру иловаҳо ҳам баҳри мустаҳкам гаштани ҳокимияти судӣ таъсири худро гузошт. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, муқаррар карда шуд, ки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ба муҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда шаванд. Синни ниҳоии шахсони ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда аз 60 солагӣ ба 65 солагӣ расонида шуд. Ин тағйиру иловаҳо шаҳодати он аст, ки такмил ва рушди ҳокимияти судӣ талаботи замон буда, мавриди диққати махсуси давлат ва шаҳрвандони мамлакат қарор дорад. Чунки ҳокимияти судӣ ниҳодест, ки тавассути он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин мегарданд.

Маротибаи охир 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуд, ки дар самти фаъолияти мақомоти судии кишвар дигаргуниҳои назаррасро ворид кард. Аз ҷумла, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Ин тағйирот боис ба он гашт, ки ҳокимияти судӣ пурра мустақил гардад ва фаъолияти худро дар ҳама самтҳо тавассути мақоми болоии худ амалӣ гардонад. Ислоҳоти мазкур барои мустаҳкам гаштани нақши ҳокимияти судӣ дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва   мустақил гаштани судяҳо аз дахолати дигар мақомотҳои давлатӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард. Дар асоси тағйироти мазкур ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки таъсис ёфтани Шӯрои адлияи Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар соли 1999 иштибоҳ набуда, як марҳилаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад. Чунки дар он солҳо ҳокимияти судии кишвар дар шакли нав ташаккул ёфта буд ва бо роҳи ташкили як ниҳод чун Шӯрои адлия барои дар оянда пурра ҷудо ва мустақил кардани ҳокимияти судӣ аз дигар мақомотҳои давлатӣ асоси воқеӣ буд.

Инчунин дар ин навбати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар боби 8 як қатор тағйиротҳои дигар ворид карда шудаанд. Аз қабили он ки дар меъёрҳои номзадӣ ба вазифаи судягиро муқарраркунанда ибораи “танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад” илова карда шуданд, яъне ҳама номзадҳое, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод карда мешаванд, бояд танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ин муқаррарот ба он хотир аст, ки ба мисли дигар вазифаҳои муҳимми давлатӣ (аъзо ва вакили Маҷлиси Олӣ, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад. Инчунин дар боби мазкур меъёрҳои ба қонуни конститутсионӣ ҳаволакунанда ба вуҷуд омадаанд, аз ҷумла синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намудан, тартиби пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судяҳои суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо ба қонуни конститутсионӣ ҳавола намудааст.

Ҳаммаи ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳким бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ ва идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишвар мебошанд.

Дар ин робита дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мустақилияти судяҳо, мустаҳкам кардани боварии мардум ба дастрас будани адолати судию адолати иҷтимоӣ ва амали гардонидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нақши бениҳоят  муҳим дорад. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 қайд намудаанд:

“Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошанд. Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.”

Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишвар падидаи нави коромӯз-судя ташкил дода шуд. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Коромӯз-судя” аз 22 июли соли 2008, таҳти №495 Низомнома “Дар бораи Коромӯз-судяҳо” қабул карда шуд, ки тамоми паҳлӯҳои ин ниҳоди нави ҳуқуқиро танзим менамояд. Коромӯз-судя ниҳодест, ки барои интихоби номзадҳои боэътимод, аз байн бурдани шахсони тасодуфӣ аз мансаби пурмасъули судягӣ ва дар муддати як сол баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти номзадҳо ба вазифаи судягӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 тасдиқ карда шудаанд. Барномаҳои мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, амали намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намудаанд.

Бо ин асосҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави ҳокимияти судӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, адолати судӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу суббот ва оромӣ дар ҷомеа мебошад. Дар мақоми шукргузорӣ ва саодат мардуми соҳибтамаддун ва бошарафи Тоҷикистон ҷашни 27-умин солгарди қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол доранд. Боварӣ аз он аст, ки ин Қонуни воло доимо барои мардуми кишвар манфиатбахш ва дар ҳудуди сарзаминамон нерӯманд ва ҳукмфармо  боқӣ хоҳад монд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумоёнро ба ин ҷашни 28-умин солгарди қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз муборакбод менамоям.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *