Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Вахдат ва сулҳу оромӣ кафолати рушди ҷомеъа.-Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мусаллам аст, ки дар заминаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳо, талаботи инсон низ тарзу усулҳои наву муосирро касб менамояд. Ҳамин омил боис шудааст, ки дар шароити кунунӣ технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар раванди зиндагии шаҳрвандон ҷойгоҳи хосаро касб намудаанд. Алоқаи мобилӣ ва Интернет аз ҷумлаи ихтирооти нави инсоният маҳсуб ёфта, бо рўйи кор омаданаш дар самти муоширати инсонҳо таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омад. Зеро тавассути технологияҳои зикршуда муносибати шаҳрвандон бо якдигар тавсеа ёфта, дар ин замина пешрафти бахшҳои гуногун таъмин гаштаанд. Шояд саволе пайдо шавад, ки чӣ гуна алоқаи мобилӣ ва Интернет метавонанд дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳмгузор бошанд? Посухи ин суол хеле оддист, сарфаи вақт ва огоҳӣ аз набзи ҷомеа.

Табиист, ки истифодаи алоқаи мобилӣ ва баҳравар гаштан аз сомонаҳои шабакаи умумиҷаҳонии интернет низ фарҳанги худро дорад. Мутаассифона, аз шиносойӣ бо мазмуну моҳияти маводи баъзе сомонаҳои интернетӣ маълум мегардад, ки аксари онҳо аз воқеият фарсахҳо дур буда, ҳадафашон гумроҳ намудани шаҳрвандон аст. Вале, чунин муносибати муѓризона ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дастоварду пешравиҳои давлати моро зери суол гузорад, зеро «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Барои он ки суханонам асоси воқеӣ дошта бошанд, лозим медонам чанд далел орам. Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки солҳои 1992-1995 буҷети давлатӣ қариб қурбе надошт, сатҳи таваррум зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Дар ин давра музди меҳнати муаллимон ва духтурон, агар ба ҳисоби сомонӣ гирем, ба 35 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба 15-17 сомонӣ баробар буд, ки он ҳам сари вақт пардохт намегардид. Аз соли 1995 сар карда, нисбатан ба танзим даровардани буҷет оѓоз гардида, ҳаҷми даромади он сол ба сол афзун истодааст.

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, ба монанди идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оѓоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузошт. Далелҳои овардашуда «қатрае аз баҳр»-ро шабеҳ аст, зеро пешравӣ ва дастовардҳо хеле зиёданд, ки нодида гирифтани онҳо беинсофист. Аз ин нуқтаи назар ҳамватанони моро мебояд ба сафсатаҳои баъзе сомонаҳои интернетӣ фирефта нашаванд.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *