Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми арзанда дошта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ ироа гардидаанд, ки барои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст.

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон имрӯзҳо ба яке аз давлатҳои пешсафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли мушкилиҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Боиси ифтихор аст, ки таклифҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст ва дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳри амалӣ намудани ин таклифҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Аз ҷумла дар паёми имсола Пешвои миллат қайд намудаанд, ки “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.

Масъалаи дигаре, ки дар Паёми имсола мавриди назар қарор гирифт, ин масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки:

– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ низ дошта, яке аз асосҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ – парламент ба ҳисоб меравад. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳое, ки барои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлат зарур мебошад, аз ҷониби Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ  ироа карда мешаванд.

Дар ҳар як Паёми худ Сарвари давлат оид ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар самтҳои фаъолияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ишора менамоянд.

Аз ҷумла дар Паёми имсола аз 23 декабри соли 2022 қайд намудаанд, ки “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.

Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.

Ин пешниҳодҳои Президенти мамлакат сармашқи фаъолияти ҳокимияти судӣ гардидаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳар як сокини кишвари азизу маҳбубамон таъсири нек намуда, ҳисси миллӣ ва шуурии онҳоро баланд мебардорад. Нақши Паём дар мустаҳкам гардонидани андешаву ҳуввияти миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти илм, фарҳанг, саноат, техникаву технология, энергетика, фаъолияти босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқэҷодкунӣ, пешрафти илмҳои дақиқ, риёзӣ, гуманитарӣ ва ғайра нақши муассир дорад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *