Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Барномаи муайнкунандаи роҳи фардои миллат.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тавре ки имрузҳо зимни баромадхои расмии хеш мо масъулину кормандони идораю муассисоти мухталиф, дар мачмуъ, хамагон бо як лутфу иноят ва ифтихору сарбаланди иброз медорем: “Паём калом ва ё сухани рохнамою такдирсозу самимии Пешвои муаззами миллат барои ҳар як хамватан, пайғоми пурифтихори насли имруз ва наслхои фардо ва муждаи созанда дар рохи пурифтихори рушди давлатдории миллии мо-миллати тоҷик махсуб меёбад.

Паёми имсолаи Президенти Чумхурии Точикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ мавзуъҳои хеле мухиму самарабори хаёти сиёсиву чамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, тахлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида рохи чомеаро барои расидан ба хадафхои минбаъдаи ватансозӣ равшану возеҳ сохт. Маҳз зарурати рушди саноати кишварро ба инобат гирифта, Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо боварии махсус гуфтанд, ки панч соли оянда, то соли 2026-ум. дар кишвар “Солхои рушди саноат” эълон карда шавад ва тибқи накша бояд ба саноатикунонии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави кории бештар ва дар нихоят боз ҳам ба поинтар овардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат бояд мусоидат карда шавад.

Яъне, дар низоми кунунии давлатдории мо Паёми Пешвои муаззами миллат хамчун ҳуччати муҳими расмӣ – барномавӣ ва муайянкунанда махсуб ёфта, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимой-иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Чумхурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниходхо арзёбӣ мегардад.

Мақсаду ҳадафи мулоқот вохуриҳое, ки мо – кормандони макомоти суди, хосса, сулхои иктисоди имрузхо вусъат мебахшем, ин дар амал омухтану матраҳ сохтан ва баррасию баъдан дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбати ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон мебошад…

Вокеъан хам, дар шароити ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва ба пояи максад расидану эмин нигоҳ доштани онхо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба пешаю касби муайяне ҷалб намудани онҳо мебошад. Дар баробари ин, яке аз омили асосии ру овардан ба омилҳои номатлуб маҳз сатҳи пасти маърифату ҷаҳонбинии бархе аз ҷавонон аст ва ин ҳама аз бехиради сарчашма мегирад, зеро маҳз ин омил шахсро зудбовар мегардонаду ниҳоят ба роҳи нодуруст мебарад. Ҷаҳолату нодонию бемаъ рифати албатта, ба гумроҳӣ мебарад. Роҳбари муаззами кишвар дар Паёми навбатии хеш низ чунин афзуданд: «имруз ба ҷавонон чун такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа такя намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мавкеи ҷавонон пайваста талош меварзем ва дар навбати худ, насли ҷавон бояд фаромуш насозад, ки имруз ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, максад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаëти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Точикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат, ҷавонони иззатманди кишвар бояд пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кушиш намоянд ва ташаббусу неруи созандаи худро ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон, равона созанд.

Дар Паёми имсолаашон ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат чунин изҳор намуданд: “Бори дигар ба падару модарон, масъулини таълиму тарбия, намояндагони мақомоти кудрати, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва тамоми чомеаи шаҳрванди мурочиат менамоям, ки барои аз таълиму мактаб дур намондани фарзандону ҷигаргушаҳои хеш ҷаҳду талош намоянд, ба илму донишандузи, касбу ҳунаромузии наврасону ҷавонон диккати махсус диҳанд.

Зеро ояндаи Точикистони азизи мо маҳз дар дасти ҷавонони лаёқатманду навовар, баору номуси кишварамон аст ва ҳеч як нафари дигар сарзамини моро ободу шукуфою хуррам намегардонад!».

Мо ба хуби медонем, ки баррасии босалоҳият ва беғарази парвандаҳо унсури муҳими таъмин, риоя ва ҳифзи хукукхои шаҳрвандон ва нигоҳдории адолати судӣ ба шумор меравад.

Аз он нигох, ки ҳимояи ҳукуку озодихои инсон ва шахрванд кафолати конститутсионӣ муқаррар гардидааст. Ин омили муҳим моро мудом водор месозад, ки дар ҳалли хакконии парвандахои суди масъулияти нихоят чиддӣ дошта бошем.

Бале, набояд фаромуш бисозем, ки боло бурдани ҷойгохи макомоти суди ва мустахкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути дастгирию ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ба як амри вокей мубаддал гардид.

Мо кормандони мауомоти судӣ, хосса, судҳои иқтисодии пойтахт танҳо тибқи нишондодҳои Паёми имсолаи Сарвари маҳбуби давлат фаъолияти серҷанбаю фаррох ва доманадори хешро рохандозӣ намуда, сиëсати окилонаю дурбинона ва созандаю сулхҷуёнаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Рахмон – ро ҳамеша дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *