Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Инъикосгари умеду эътимоду боварии расидан ба ояндаи неку шосита.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо-кормандони мақомоти судҳои иқтисодии шаҳри Душнабе дар қатори дигар кормандону масъулини касбу корҳои мухталифи ҷомеаи кунунӣ аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки ба мақоми олии қонунбарори мамалакат ироа гардид, руҳу илҳоми тоза гирифтем.

Мо кулли кормандони мақомоти судҳои иқтисодии пойтахт ба хубӣ медонем, ки маҳз тавассути таъмини ҳифзи судиии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кормандони мақомоти мо метавонанд дар амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва мулоқаташон чанде қабл бо кормандони мақомоти судии мамлакат баён доштанд, ҳиссагузории шоистаю арзанда намуда, бо ин роҳ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон ва раванди рушди миллӣ саҳми муассир мегузорем.

Паём ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд, хосса сокинони пойтахт умеду эътимоду боварии расидан ба ояндаи дурахшон, ба тараққиёти босуръату бемайлони кишвар, саодати мардум, инчунин таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолии мамлакатамонро боз ҳам қавитар гардонид.

Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бори дигар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба мавқеи инсон, қадру қиммати он ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ҷалб гардонида, саҳми инсонҳоро дар пешбурди соҳаҳои мухталифи ҷомеа хеле меҳим арзёбӣ намуданд. Аз ин рӯ омӯхтан, матраҳ, сохтан ва баррасии Паём ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аҳамияти бағоят бузургеро молик аст.

Ҳамин нуқтаро такроран иброз медорам ва бори дигар зикр менамоям,ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ба мавқеи инсон ва қадру қимати он дар ҷомеа гаштаю баргашта ибрози ақида менамоянд. Мавқеи инсон ҳамеша дар меҳвари асосии Паёмҳои Сарвари давлати мо қарор дошт ва қарор дорад. Аз ин рӯ,мо-тамоми аҳли ҷомеа, барои ба камол расонидани насли ватандӯсту худшинос бояд ҷидду ҷаҳд намоем. Ба наврасону ҷавонон роҳи дурусти ҳаётро нишон диҳем. Дар зиндагӣ комилан боиродаю бурдбору ботаҳаммул буданро баҳрашон пайваста тарғибу талқин намоем.

Як маъниро аз мулоҳизаҳои Пешвои муаззами миллат то ҳанӯз фаромуш насохтаам: зимни мулоқоти хеш бо кормандони мақомоти судӣ Роҳбари маҳбуби кишварамон аз ҷумла, чунин тазаккур дода буданд: “Азбаски санадҳои қабулкардаи судҳо аз номи давлат бароварда мешавад, онҳо бояд ба тамоми талаботи қонунгузорӣ мутобиқат карда, барои барқарор гардидани адолат комилан мусоидат намоянд”. Ин таъкиду гуфтаҳои Сарвари муаззами давлат низ баёнгари то кадом андоза муҳим ва ҳалкунанда будани нақши судҳо дар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зимни доир намудани мурофиаҳои судӣ мебошад. Дар идомаи чунин муҳокимарониҳои дурбинонаи хеш Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки “судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд” ва ин гуфтаҳои Сарвари давлат як навъ ҳушдорест, ки бояд ба маромномаи касбии судяҳо табдил ёфта, сармашқи кору амали хизматии мо бояд бошад.

Бале, мо ҳамагон кормандони мақомоти судҳои иқтисодии пойтахт сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, ҳамеша тарафдори сиёсати беназир будем, ҳастем ва хоҳем монд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *