Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои сиёсати дохили ва хориҷии кишвар.-Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *