Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ифодакунандаи ифтихору руҳбаландии мардуми мо.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар як падидаи муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад.

Хидоятҳои судманди Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ҳар як сокини кишварро барои расидан ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкорӣ дилгарм менамояд.

Ҳамин аст, ки нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо аҳли кормандону масъулини мақомоти қудратии кишвар, хосса судҳои мамлакатро чун дигар сокинони кишвар шоду масрур сохт ва Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатамонро бо як ифтихору руҳбаландии хеле баланд қабул намудем. Боиси фараҳмандист, ки маҳз бо ҳидоятҳову роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар кишварамон ҳамарӯза нақшаву тадбирҳои неку созанда роҳандозӣ мегарданд, то насли ҷавонамон  дар навбати аввал ватанпарвар, садоқатпеша, бамасъулияту ватандӯст ба воя бирасанд.

Дар баробари ин, зикр кардани он нуқта низ зарур аст, ки муносибати бархе аз сокинон, аз ҷумла ҷавононамон ба илму касбомӯзӣ қаноаткунанда нест. Мутаассифона, на ҳама ҷавонон аз шароитҳои фароҳамгашта истифода мебаранд, ҳол он ки имрӯз монеае барои ҷавонон вуҷуд надорад. Барои ин аз оила, боғча, маҳалли зист оғоз намуда, тамоми аҳли ҷомеа бояд барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарбияи солимии аҳолӣ саъй ва ҷаҳду талош намоянд. Насли ҷавон худ бояд барои ояндаи неку дурхшонаш талош варзад, барои ин тамоми шароитҳои имрӯз муҳайё гаштаанд. Ҷавонон набояд вақтро беҳуда гузаронанд. Ин ҳама ободкориву пешравиҳоеро, ки ҳамарӯза дар кишвари азизамон идома доранду пеш аз ҳама барои насли ҷавону наврас равона гаштааст, мо, ҳамагон бояд қадр намоем.

Дар баробари ин, тавре дар Паёми имсолаашон Сарвари муаззами давлат зикр намуданд, худи ҷавононамонро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, ҳушёрии синфӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Онҳоро зарур аст,бо баланд бардоштани малакаю иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзии худро низ сайқал диҳанд.

Мо кормандони мақомоти судии мамлакат низ, ҳар як гуфтаю нишондодҳои Пешвои муаззами миллатамонро дастури амали доимии хеш намуда, ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ сохтани он ҳиссаи муносиби худро мегузорем.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *