Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Асосгузори слҳ ваҳдати миллӣ – Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дастури раҳнамест, ки имсол ва солҳои минбаъда бароямон як ҳуҷҷати таърихи рӯимизӣ қарор дода мешавад ва мо масъулини мақомоти судӣ низ аз нуқтаҳои муҳиму самарабори он ба таври хеле васеъ истифода хоҳем намуд.

Бале, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш, ки санаи      21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат илова намуданд, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: << Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми оҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани  меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақоз менамояд. Бо ин мақсад зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишаваии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоем ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ ҷораои судманд андешем.

Набояд фаромӯш намоем, ки маҳз даврони соҳибистиқлолӣ ва бо ибтикороту дастгириҳои  ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои байналмилаӣ пурраю мукаммал гардонида шуда, ба мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсияи комилан заминаю шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Ва ҳамзамон, пас аз соҳибистиқлол  гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав ҳокимияти судӣ ташаккул ёфт. Аз ҷумла бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ –Судӣ конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Пешвои муаззами милат дар тамоми Паёмҳои хеш ҳатман аз заҳмату талошҳои назарраси занону бонувон дар ҷомеа ёдовар мешаванд ва саҳми муассири онҳоро ҷиҳати пешбурди тамоми соҳоти хоҷагии халқи мамлакат арзандаю шоиста арзёби менамоянд. Дар Паёми навбатии хеш Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон дар  ин бобат, аз ҷумла, чунин изҳор доштанд: <<…Нақши бонувону занон дар ъмори ҷомеаи деемократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар  соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27  фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23фоизи онҳое,ки дар  соҳаи кишоварзӣ фаъолит доранд, занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи  ҳуқуқу  тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Мо кормандону масъулини мақомоти судӣ ҳамеша гуфтаю таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишварамонро дар мадди назари хеш гирифта, танҳо тибқи онҳо кору пайкор менамоем. Бубинед, ҳанӯз санаи 21-уми ноябри соли  2019 Пешвои муаззами миллат зимни суханронии пурмуҳтаво ва таҳлиливу воқеъбинонаи хеш дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии мамлакат зикр намуда буданд,ки  << вазифаҳои ҳокимияти судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни  баҳсу мунозира ва тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеъии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният  ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Бале, мо ҷонибдори сиёсати оқилонаю дурбинонаи Пешвои муаззами миллат хеш ҳастем ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ,  салоқату ватандустӣ, дасту дилу нияти пок фаъолият намуда, ҷиҳати пешбурди ҷодаи хеш саҳми муассиру шоистаи худро мегузорем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *