Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Волидон ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳками қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Вобаста ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдошти  ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад. Донишмандон бар он назаранд, ки бояд волидону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама бояд ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд, чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ, аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *