Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

“Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ мегирад ва чун замин пок аст, агар ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

Муҳаммад Ғазолӣ

Масъулият – ин худ эҳсосет, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳи фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар”.

Дар заминаи меъёрҳои конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами № 762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеъи махсуси хешро пайдо кардааст. Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки аллакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи  асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки “таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад”.

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд дорои ӯҳдадориҳои худ мебошанд. Ӯҳдадории аввале ки онҳо доранд ин пеш аз ҳама ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ гузоштани номи нек мебошад, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Зеро, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд, аз ҳамин сабаб кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Ӯҳдадориҳое, ки дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор оваранд, ки аллакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст ва тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд, зеро танҳо маърифат ва тарбияи дуруст пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *