Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Тобеияти идоравӣ ва судии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ-судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мавзӯи тобеияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодиро фасли 1, боби 4 ва моддаҳои 26 то 32 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудааст. Ғайр аз ин, дар ин хусус Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 ноябри соли 2009 таҳти №1 “Дар бораи тобеияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ” қабул карда шудааст.

Тибқи қисми 1 моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 1 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 ноябри соли 2009 таҳти №1 “Дар бораи тобеияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ” ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд. Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд баррасӣ ва ҳал менамояд. Ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ парвандаҳо бо ду хусусият тааллуқ доранд якум вобаста ба хусусияти баҳс, дуюм бо хусусияти субъективии иштирокчиёни баҳс.

Субъектони баҳсҳое, ки баррасии онҳо тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мебошанд, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкори инфиродиро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бурда ва дорои мақоми соҳибкори инфиродиро бо тартиби муқарраркардаи қонун ба даст овардаанд, мебошанд, ташкилотҳое, ки шахси ҳуқуқӣ нестанд ва шаҳрвандоне, ки дорои мақоми соҳибкори инфиродиро доро набуда дар ҳолатҳои пешбинигардидаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳо бо сармояи хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабааият, ки фаъолияти соҳибкориро мебаранд, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳолатро пешбинӣ накарда бошанд.

Парвандаҳо бо иштироки шахсони номбаршуда байни судҳои умумӣ ва судҳои иқтисодӣ вобаста ба хусусияти баҳсҳо, ки ин шахсон иштирок мекунанд, тақсим карда мешаванд. Хусусияти баҳсҳо, ки ҳалли онҳо ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ тааллуқ дониста шудаанд, дар шакли умумӣ онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст ва мақоми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳо ва дигар парвандаҳо, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд, муқаррар намудааст. Ин ҳолатҳо дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи худро ёфтаанд. Яъне хусусияти баҳсҳое, ки ҳалли онҳо бо қоидаҳои умумӣ ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ дода шудаанд, қонунгузор ҳамчун иқтисодӣ муайян кардааст, баҳси иқтисодӣ ин баҳсе мебошад, ки бо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *