Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъист-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо иқдоми Созмони Милали Муттаҳид санаи 9 декабри соли 2003  дар шаҳри Меридаи давлати Мексика ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндаи зиёда аз сад давлатӣ ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин конгресс Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия гардид, ки кулли намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати тарафдорӣ ба Конвенсия имзои худро гузоштанд. Аз он рӯз инҷониб, 9 декабр чун Рӯзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия дар ақсои олам  эълон гардида, он ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Зарурати эълон доштани паймони мазкур дар сатҳи байналмилалӣ далели он буд, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалҳои коррупсионӣ ба авҷи аълояш расида, ҳолати ташвишовар ва нигаронкунанда дошт. Ин доғи рӯз торафт дар тамоми давлатҳои ҷаҳони муосир вусъат ёфта, барои амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузургеро пеш оварда буд. Дар як вақт ҳамқадами пешрафти ҷомеа амалҳои коррупсионӣ аз масъалаи минтақавӣ берун баромада, ба ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили ҷиноятҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар гашта, хатари ҷиддии умумиҷаҳониро дар пай дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонопазири СММ моҳи сентябри соли 2006 ба санади мазкур имзои худро гузошт ва моҳи январи соли 2008 Парлумони кишвар паймони байналмилалиро тасдиқ намуд. Ҷиҳати вусъат бахшидан баҳри мубориза бар зидди коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ аз моҳи январи соли 2007  мақоми махсус гардондашудаи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст.

Ташкил ёфтани ин мақомот гардиши куллӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсияро ба миён оварда, то инҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалиро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Илова бар ин, 26январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” қабул намуда, иҷроиши талаботи Стратегияи мазкурро сарбаландона ба анҷом расонид.

Ҳамчунин, дар соли 2013 боз як санади дигари хеле зарурӣ ва саривақтӣ, яъне “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид, ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад. Ногуфта намонад, ки дар  Стратегияи мазкур ба таври мушаххас ва мукаммал тамоми ҷабҳаҳои мубориза бо коррупсия ва шеваҳои навини пешгирии амалҳои коррупсионӣ дарҷ гардидааст.

Ҳамзамон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст.

Дар банди 175-и Стратегияи мазкур дарҷ гардидааст, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки коррупсия ба зуҳуроти фаромиллӣ мубаддал гашта, ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо таъсири манфӣ, мерасонад ва дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия муҳим аст, ки ҳамкориҳои зичи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *