Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ, донишандузиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумуи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутассифона, имруз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.

Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд аз рузи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш ощоз меёбад.

Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд, онҳо кушиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу ботамиз ба воя расонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  амал мекунад, ки ин Қонун таҳти №762 аз 01 августи соли 2011 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондустӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

       Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тоқазои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.
       Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муддати  муайян сипарӣ шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки баъзе аз волидон низ дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамиятӣ мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
       Донишмандон  бар он назаранд, ки бояд волидону омузгарон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд пеш аз ҳама бояд ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омузгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то ки фарзандон бештар ба донишандузӣ ва аз худкунии касбу ҳунар машғул шаванд.
       Падару модар вазифадоранд, ки мувофиқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи Ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо щамхорӣ намоянд ва фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару мода рва риояи арзишҳои миллӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълимӣ фароҳам оваранд.
      Инчунин падару модар вазифадоранд, ки инкишофи қобилияти фарзандонро фароҳам оварда, шаъну шарафи инсонии онҳоро эҳтиром намуда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ намоянду пайваста аз ҷараёни донишандузии фарзандони худ бохабар шаванд. Ҳар як падару модар масъуланд, ки дар раванди таълиму тарбияи фарзанд ҷиҳатҳои руҳияву раванди онро ба назар гирифта, кушиш ба харҷ диҳанд, ки ба кудакон зуровариро пеш наоранд ва аз зинаҳои инкишофи кудакон бархурдор шаванду таълиму тарбияи дурустро ба роҳ монанд.
Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи худро хуб дарк карда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омузиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *