Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият-заминаи ташаккули давлати муосири Тоҷикистон аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Пас аз дарёфти истиқлолияти давлатӣ раванди ташаккул ва шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон тавассути роҳу воситаҳои мухталиф сурат гирифт, ки яке аз навъҳои асосии онро ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ ташкил медиҳад. Ислоҳоти сиёсӣ ҳамчун унсури фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, таъсири назарраси худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар навбати худ, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, мерасонад. Раванди шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон аз як қатор омилҳо вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, яке аз омилҳои асосии муайян намудани тамоюли рушди давлати муосири Тоҷикистон ин таҷдиди назар гардидани асосҳои конститутсионӣ ва низоми ташкилии он ба ҳисоб меравад. Дар ташаккули давлати муосири Тоҷикистон таҳия ва қабули Конститутсияи он аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Зеро дар он асосҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон инъикоси арзишӣ ва меъёрии хешро пайдо намудаанд.

Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Зарурияти ислоҳоти сиёсӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳими демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид. Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят менамояд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *