Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

“Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад”. (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.

Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард.

Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *