Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва азизтарин неъмат мебошад.-судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Шодӣ

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.

Бо шарофати истиқлолият давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона бо роҳи гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии он, густариши муносибатҳои бозоргонӣ оғоз ёфт.

Дар шароити имрӯза хадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, миллати тоҷик то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи дарозу пурмашаққатро тай намуда, пойдор нигоҳ доштани он низ осон ба даст наомадааст. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон бархӯрди манфиатҳои гуруҳҳои мухталиф ба вуҷуд омада, давлатро як буҳрони сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифт. Бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърихи Тоҷикистон саҳифаи навини худро боз кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкил масъулияти бузургро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифт.

Бадхоҳони миллати тоҷик бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Мардуми тоҷик оқибатҳои фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид.

Дар ин давраи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ касе иродаи сарварӣ намудани халқи парокандаи тоҷикро надошт ва ин фарзанди фарзонаи миллат тавонист давлати парокандаро сарҷамъ намуда, давлати буҷаааш қариб ба сифр расидаро то ба имрӯз, ки ба авҷи пешрафт ва нумӯи он омада расидааст, ба уҳда гирифт.

Яке аз аввалин суханони раиси навинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки “Ба хотири барқарории сулҳ ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”.

Ин аст, ки тамоми давлатҳои манотиқи ҷангзада дастоварди нодири сулҳи моро намунаи мактаби сулҳоварӣ арзёбӣ намуда, мавриди тадқиқ ва истифода қарор медиҳанд.

Новобаста аз нобасомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 32 соли минбаъда тавонист сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд қонуни асосӣ ва ё конститутсияи худро дошта бошад. Халқи тоҷик ҳам, ки чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навини худро қабул намуд. Дар Констититусия, ки то имрӯз мавқеи олии худро нигоҳ доштааст, боби алоҳидае ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои мукаммал дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Дар замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар баробари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ аз қабили Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Мо фарзандони миллати тоҷикро зарураст, ки бо заҳмати софдилона ватани худро ободу зебо гардонида, онро пешрафтаю қавӣ намоем, аз ҳар гуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигоҳ дорем. Бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият мо соҳибватану соҳибмиллатонро мебояд, ки бо худогоҳиву ҳудшиносӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар пайи муҳофизати меҳану миллату давлати азизамон бо тамоми имконоти ақлониву ҷисмонӣ содиқона хизмат намоем. Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси диёр маҳсуб меёбад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *