Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Коррупсия – таҳдид ба амнияти иқтисодии давлат.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Коррупия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хоса коррупсияро зоҳир мегардад. Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста аз дараҷаи тараққиёти он, мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарк намудани ин хатар ба коррупсия ҷанги беамон эълон намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 21 июли соли 1999 фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳкими мубориза дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» нашр гардид. Бо ин фармон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳое, ки ба таҳкими мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ равона гаштаанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуда будаанд. Пеш аз ҳама Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардид, ки якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Барномаи давлатиро оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия таҳия намояд. Хотимаи мантиқии фармони мазкур он гардид, ки Порлумони кишвар 11 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул кард. Дар натиҷа қонунгузории мо бори аввал бисёр масъалаҳои бо коррупсия иртиботдоштаро ба низом дароварда, мақоми ҳуқуқиашон муқаррар гардид. Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки коррупсия – ин амали шахсе мебошад, ки ба иҷрои корҳои давлатӣ ваколатдор буда, бо истифода аз вазифа ё вобаста ба имкониятҳои мавҷуда соҳиби неъматҳои моддӣ ё манфиатҳои дигар мегардад, инчунин ба дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ истифода бурданро аз ин имтиёзҳо ё неъматҳои, ки бо роҳи ғайриқонуни дастёб шудаанд, ҳуқуқ медиҳад. Қонуни мазкур ба беҳшавии вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи баъди қабули қонуни мазкур бисёр санадҳои байналмилалӣ дар соҳои мубориза бар зидди коррупсия қабул шуда, Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Рушд соли 2004 –ум тавсияҳои худро оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия қабул намуд. Ҳолатҳои мазкур зарурати ба талаботи ин санадҳо мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро ба миён овард. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини шаффофият ва ташкили назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад. Бо таъсис ёфтани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки пеш аз ҳама корҳои муайяни ташкилӣ ва ҳуқуқиро баҳри фароҳам овардани шароит ва заминаҳо барои оғоз ва минбаъд идома бахшидани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Бо ин мақсад таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои Қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба Қонунҳоро амалӣ намудем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *