Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

21 СЕНТЯБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасола 21 сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1981 Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон қатъномае қабул намуд, ки ба ин ид асос гузошт. Бояд гуфт, ки иди мазкур аввалҳо душанбеи сеюми моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти вақт ва муҳимияти ин рӯз Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи дигари худро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2002 инҷониб 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз бо сулҳу салоҳ ҷомеаи мутамаддин метавонад пеш равад. Имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, онро намунаи ибрат медонанд.

Дарвоқеъ, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки мафҳуми муқаддасро ифода мекунанд. Сулҳ-ин оштиву фарзонагӣ, ҳамдилию ҳамбастагии мардум аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *