Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳалли баҳсҳое, ки аз муносибати шартномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бармеоянд, тобеъияти судӣ ва мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мувофиқи моддаи 2 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу  озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони дигар, ки субеъктони муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст.

Мавзуи асосии қонунгузори дар бораи сохтмони асосиро қоидаҳое ташкил медиҳанд, ки дар боби 41 Кодекси мадании Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси шартномаи паймонкорӣ (пудрат) мустаҳкам карда шудааст, ки бевосита аз моддаи 817 Кодекси мазкур то моддаи 836 сарчашма мегирад.

Пештар шартномаи саҳмгузорӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва баҳсҳое, ки вобаста ба он ба миён омадаанд дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 52 аз моддаи 1058 то моддаи 1069-ро дар бар мегирифт.

Тибқи талаботи моддаи 1058 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаи фаъолияти якҷоя ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якҷоя) ду ё зиёда ашхосе, ки шарикон номида мешаванд, ӯҳдадор мегарданд ҳиссаҳои худро муттаҳид намуда, якҷоя, бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсади дигар, ки хилофи қонун намебошад, амалкунанд. Шартномаи фаъолияти якҷоя  бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Таҳлили парвандаҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, ки баҳсҳо асосан байни саҳмгузорон ва сохтмончиён ба миён омада дар бисёр ҳолатҳо қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ба субекти алоҳида ҷудо мегардад, вале соҳибҳуқуқи замин сохтмони биноро ба роҳ намонда аз тарафи шахси ҳуқуқии дигар дар асоси шартномаҳои ҳиссагузорӣ ба анҷом расонида мешавад, ки дар бисёри ҳолатҳо баҳс байни соҳиби замин ва сохтмончӣ ба миён меояд.

Масалан соҳиби замин пас аз гирифтани асноди ҳуқуқӣ вобаста ба замин дар асоси шартномаи басташуда бо сохтмончӣ ӯҳдадор мегардад, ки қитъаи заминро бо назардошти хулосаву иҷозатҳои дахлдор барои сохтмони бинои истиқоматӣ омода намояд, тарафи дигар яъне сохтмонӣ паймонкор бошад ӯҳдадор мегардад, ки дар мӯҳлати муайян бо сифати муқарраргардида бинои истиқоматиро сохта ба истифода диҳад.

Ногуфта намонад, ки баъзе аз масъалаҳо ва мушкилии мавзӯи мазкур пеш аз ҳама метавонад, ки тавассути Қонуни ҶТ «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», низ ба роҳ монда шавад.

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста  ба нигоҳ доштан, истифода кардани молу мулки соҳибмулкони  бинои бисёрхонагӣ,  ки моликияти умумии ҳиссагии онҳо ба шумор меравад, танзим намуда, тартиби таъсис додан, идора кардан,  салоҳият, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои  ширкати соҳибмулкони манзил ва аъзои онро  ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ муқаррар менамояд.

Аммо аз сабаби он, ки аз тарафи сохтмончӣ дар мӯҳлати муайянгардида бино сохта намешавад ва корҳои сохтмонӣ бо сифат ба анҷом расонида намешавад, пас байни тарафҳо ҷиҳати иҷроиши шартномаҳои ҳамкорӣ баҳс ба миён меояд.

Чи хеле, ки огоҳ ҳастем, солҳои охир дар гӯшаву канори кишвар сохтмони биноҳои баландошёнаи зебову замонавӣ зиёд шуда истодааст, ки ба ободии кишвар ҳусни тозае зам менамоянд.

Имрӯз масъалае, ки чунин пешравиҳоро коҳиш медиҳад, муддатҳои тӯлонӣ сохта нашудани биноҳои баландошёна ва ё бунёдашон тамоман ба таъхир гузошта шудааст, ба ҳисоб меравад.

Албатта на ҳама бо сабаби баҳс ба таъхир гузошта намешаванд, ҳастанд ҳолатҳое, ки дар асоси қонун аз тарафи Ҷамъиятҳо барасмият надаровардани асноди ҳуқуқӣ мебошанд, яъне саривақт нагирифтани иҷозати сохтмон, саривақт омода накардани қитъаи замин ва гирду атрофи он барои сохтмон ва дар раванди сохтмон ба мувофиқа наомадани соҳибҳуқуқӣ замин ва саҳмгузор мебошад.

Тибқи талаботи моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолиятисоҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд.

Судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти хокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд – ташкилотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамояд.

Ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ аз рӯи қонун мумкин аст дигар парвандаҳо низ дохил карда шаванд.

Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои ба онҳо тобеияти идоравидоштаро бо иштироки ташкилот, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ мекунанд.

Моддаи 32 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти махсуси идоравии парвандаҳо ба судҳои   иқтисодиро пешбинӣ намудааст.

Тибқи талаботи сархати 4 моддаи мазкур судҳои иқтисодӣ парвандаҳои зеринро  баррасӣ менамоянд:- дар бораи баҳсҳои байни саҳмиядор ва ҷамъияти саҳомӣ, иштирокчиёни дигар ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки аз фаъолияти ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ бармеоянд;

Мутобиқи талаботи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъият ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқҳои гражданӣ мебошад ва уҳдадориҳои зарурии ба фаъолияташ алоқамандро барои амали намудани ҳамагуна фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда ба зимма мегирад. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда Ҷамъият танҳо дар асоси иҷозатнома (литсензия) машғул шуда метавонад.

Тибқи моддаи 8-и Қонуни мазкур шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ иштирокчиёни ҷамъият буда метавонанд.

Вобаста ба мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта байни ду Ҷамъиятҳо, яъне байни ду шахси ҳуқуқӣ,  якҷоя шартнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди бинои истиқоматии баландошёна баста мешавад, ки баъдан байни ин ду тараф асосан баҳс бобати муайян намудани ҳисса ба миён меояд.

Аз шартномаҳои ҳамкорӣ, ки байни ду Ҷамъият баста шудаанд бармеояд, ки тарафҳо тибқи шартномаи мазкур мақсад гузоштаанд, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе  бинои баландошёнаи истиқоматӣ месозанд. Мақсади сохтмони иншооти мазкур дар оянда ба фурӯш баровардани он (манзилҳо) мебошад.

Ҳамзамон Ҷамъияте, ки дар номаш қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ иҷозат дода шудааст уҳдадори мегирад, ки иншоотро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.

Қобили қайд аст, ки шаҳрвандон низ барои дар оянда бо мақсади ба даст овардани манзили истиқоматӣ бо Ҷамъиятҳо шартномаи ҳамкори ва сармоягузорӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ба имзо мерасонанд.

Қайд кардан лозим аст, ки дар қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар бораи додани иҷозат ба Ҷамъиятҳои мазкур барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ  дарҷ гардидааст, ки Ҷамъият тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва қоидаю меъёрҳои сохтмонӣ шаҳрсозӣ дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе оид ба оғози корҳои сохтмонӣ, иншоот барои мавриди истифодабарӣ қарор додан ба комиссияи давлатӣ қабул пешниҳод намояд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки то Комиссияи корӣ дар бораи омодагии объекти сохтмонаш анҷомёфта барои пешниҳод кардан ба комиссияи давлатии қабул ва қабул намудани сохтмони биноҳои баландошёна аз тарафи комиссияи давлатӣ баҳс вобаста ба шартномаҳои ҳамкори ва сармоягузорӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ баландошёна байни ҷамъиятҳо, шаҳрвандон пайдо гардад, баҳси мазкур тобеъияти судҳои иқтисодӣ мебошад, зеро тибқи сархати 4 моддаи 32 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои байни саҳмиядор ва ҷаъмияти саҳомӣ, иштирокчиёни дигар ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки аз фаъолияти ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ бармеоянд, судҳои иқтисодӣ баррасӣ менамоянд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *